"Созмони Милал сарнавишти моро ҳал кунад"

Исломобод, Покистон. Акс аз 11-уми августи 2025

Гурӯҳе аз паноҳандагони афғонистонӣ аз хонаҳои иҷора дар Исломбод, маркази Покистон, берун шудаанд ва ҷойе барои рафтан надоранд. Самиаи 26-сола, намояндаи қавми ҳазораи шиамазҳаб, яке аз онҳост. Ӯ се ҳафта пеш фарзанд ба дунё овард.

Созмони Милали Муттаҳид гузориш медиҳад, ки Покистон тасмим гирифтааст, то якуми сентябр аз ҷумла паноҳандагони расмии афғонистониро аз ин кишвар берун кунад.

Ин созмон мегӯяд, эҳтимол, бар пояи барномаи ҳукумати Покистон то як миллион паноҳанда ронда шаванд. Феълан дар Покистон як миллиону сесад ҳазор нафар санадҳои расмии паноҳандагӣ ва 750 ҳазор нафари дигар кортҳои ҳувияти афғонистониро доранд, ки Покистон ба онҳо додааст.

Дар хаймаҳои пластикии боғи марказии Исломобод ҳамроҳи Самиа тахминан 200 паноҳандаи дигар рӯз мегузаронанд. Онҳо пули ба даст даровардаро барои харидани хӯрок сарф мекунанд.

Занон дар масҷиди канори парк худро ба тартиб меоранд. Аммо Соҳира Бобури 23-сола, яке аз паноҳандагони дигари ҳазора, ташвиш дорад, ки ҳоли тифли дар батнаш буда чӣ хоҳад шуд.

"Барои зани бордор мушкил аст. Пойдард мешавад дар ин борон," – гуфт ӯ.

Замоне ки хабарнигори "Рейтерс" ба дидани паноҳандагон рафта буд, дар гӯшаҳои парк афсарони полиси Покистон ба чашм мехӯрданд. Паноҳандагон ба хабарнигор гуфтанд, ки афсарони полис доимо ба онҳо таҳдид мекунанд, ки аз боғ хориҷ шаванд, вагарна боздошт хоҳанд шуд.

Афсарони полис хабарҳои азият додани паноҳандагонро рад мекунанд. Вазорати иттилооти Покистон ба суоли хаттии "Рейтерс" посухе надодааст. Аксари паноҳандагон аз бозгашт ба Афғонистон хавф доранд.

Покистон, ки аз оғози таҷовузи шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979 ба миллионҳо нафар паноҳгоҳ додааст, дар соли 2023 бо баҳонаи ҷинояткорӣ ва ҷангҷӯии паноҳандагони афғонистонӣ ихроҷи онҳоро шурӯъ кард.

Мақомдорони Афғонистон ин айбномаро қабул надоранд ва Самиа рӯйи алафи сабзи парки Исломобод мунтазир аст, ки аҳли олам барои онҳо ҳам коре хоҳад кард. "Мехоҳам, Созмони Милали Муттаҳид сарнавишти моро ҳал кунад," – мегӯяд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Созмони Милал сарнавишти моро ҳал кунад"