13 сол ҳукми зиндони як афсари милиса дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як афсари милисаро дар Тоҷикистон бо гуноҳи шиканҷа 13 сол зиндонӣ кардаанд. Ҳукми Музаффар Маҳмудзода, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ҳанӯз моҳи марти имсол баромада, вале мақомот ҷузъиёти онро пинҳон медоштанд.