Оғози ҳамлаи низомии Исроил бо ҳадафи ишғоли пурраи шаҳри Ғазза

Артиши Исроил аз оғози марҳилаи аввали амалиёт барои тасарруфи шаҳри Ғазза хабар дода, эълон кардааст, ки нерӯҳояш дар наздикии ин шаҳр ҷобаҷо шудаанд.

Артиши Исроил аз оғози марҳилаи аввали амалиёт барои тасарруфи шаҳри Ғазза хабар дода, эълон кардааст, ки нерӯҳояш дар наздикии ин шаҳр ҷобаҷо шудаанд. Бо вуҷуди хатарҳои ҷиддӣ бисёре аз фаластиниҳо беҳтар медонанд, ки дар шаҳри Ғазза бимонанд. Онҳо бовар доранд, дар тамоми борикаи Ғазза, ки бо камбуди хӯроку об ва дигар маводи ниёзи аввал рӯ ба рӯ аст, ҳеч нуқтае воқеан амн нест. Тарҳи тасарруфи Ғазза аз сӯи Исроил бо интиқодҳои байнулмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Сухангӯи артиши Исроил рӯзи 20-уми август ба хабарнигорон гуфт, "мо амалиёти ибтидоӣ ва марҳилаи аввали ҳамла ба шаҳри Ғаззаро оғоз кардаем ва ҳамакнун нерӯҳои артиш дар атрофи шаҳри Ғазза ҷобоҷо ҳастанд".

Як мақоми низомӣ пештар мавзуъро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфта буд, ки нерӯҳои эҳтиётӣ то моҳи сентябр ба хидмат фаро хонда намешаванд ва ин ба миёнаравҳо фурсат медиҳад, барои пур кардани холигоҳ миёни гурӯҳи "Ҳамос" ва Исроил бар сари шартҳои оташбас талош кунанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Амалиёти Исроил барои тасарруфи Ғазза

Пас аз даргирии нерӯҳои исроилӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи "Ҳамос" дар навори Ғазза дар ҳамин рӯз дафтари нахуствазири Исроил эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу дастур додааст, раванди тасарруфи пойгоҳҳои аслии "Ҳамос" суръат бахшида шавад.

Изҳороти мақомоти исроилӣ барои тасарруфи калонтарин шаҳри навори Ғазза нишон медиҳад, ки рӯёрӯии сахте дар интизори ин минтақа аст. Кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ аз ин тасмими Исроил, ки он эҳтимолан боиси оворагии бештаре аз фаластиниҳо хоҳад шуд, интиқод карданд.

Рӯзи чаҳоршанбе Вазорати дифои Исроил гуфт, тарҳи артиш барои ишғоли шаҳри Ғаззаро пазируфт ва иҷозатномаи даъвати ҳудуди 60 ҳазор сарбози эҳтиётиро барои иҷрои он содир кардааст. Сухангӯи артиши Исроил таъкид кард, ки нерӯҳои исроилӣ акнун дар атрофи шаҳри Ғазза дар ҳоли амалиёт ҳастанд.

Ин таҳаввулот дар ҳоле рух медиҳад, ки кобинаи Исроил пешниҳоди нави оташбаси ироашуда аз сӯи миёнаравҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Аз сӯи дигар, "Ҳамос" низ дар баёнияе Бенямин Нетаняҳуро барои мамониат дар созиши оташбас ва идомаи "ҷанги ваҳшиёна алайҳи ғайринизомиёни бегуноҳ дар шаҳри Ғазза" муттаҳам кард.

Кобинаи амниятии Исроил бо раҳбарии Нетаняҳу ҳудуди ду ҳафта қабл тарҳи "тасаллут бар шаҳри Ғазза"-ро қабул кард. Ин тарҳ бо интиқодҳои шадиди байнулмилалӣ, ҳатто аз сӯи ҳампаймонҳои ғарбии Исроил, ба ҷуз Амрико, рӯбарӯ шуд.

Ҷанги навбатӣ дар Ғазза миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва беш аз 250 нафар ба гарав бурда шуданд.

Бинобар гузориши ниҳодҳои тандурустии Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" мебошанд, аз он замон то кунун беш аз 62 ҳазор фаластинӣ дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил кушта шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъҳо, бахше аз кушташудаҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.